04:27, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сарвазири Юнон истифодаи неруро нисбат ба муҳоҷирон сахт маҳкум кард

Ҳукуматдорони Юнон истифода кардани гази ашковар

ва тирҳои резиниро нисбат ба муҳоҷирон мавриди интиқоди шадид қарор доданд. Дирӯз, сарҳадбонони Македония нисбат ба садҳо муҳоҷире, ки мехостанд бошишгоҳи худро тарк карда, вориди ин кишвари аврупоӣ шаванд, гази ашковар ва тирҳои резиниро истифода карданд. Муҳоҷирон хаймаҳои дар Юнон будаи худро, ки чандин моҳ боз дар инҷо қарор доранд, тарк карда мехостанд тавассути кишвари собиқ Югославия ба яке аз давлатҳои Аврупо роҳ пеш гиранд. Аммо кормандони хадамоти сарҳадии Македония ба ин амали онҳо монеа шуданд. Дар натиҷаи бархӯрд миёни сарҳадбонон ва муҳоҷирон беш аз 250 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошт. Дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. Сарвазири Юнон Алексис Сипрас истифодаи неруро нисбат ба муҳоҷирон сахт маҳкум намуд.

Ин амали марзбонони Македонияро раёсати СММ оид ба масъалаи муҳоҷирон низ мавриди интиқод қарор дод. Намояндагони созмони ҷаҳонии «Табибони бидуни марз», ки дар минтақаи мазкур фаъолият доранд, изҳор медоранд, ки бар асари ҳодиса садҳо нафар захмӣ шуда, барои муолиҷа ба онҳо муроҷиат карданд. Аммо ҳукуматдорони Скопйе мегӯянд, сарҳадбонони онҳо танҳо аз норинҷакҳои садодор ва ашковар истифода кардаанд. Истифодаи тирҳои резинӣ барои онҳо қатъиян манъ аст. Айни ҳол дар мавзеи Идомени қисми шимолии Юнон беш аз 10 ҳазор ва дар маҷмӯъ дар ҳудуди Юнон зиёда аз 15 ҳазор муҳоҷир қарор доранд. Баъди қарордоди баъзе аз роҳбарони Аврупо сарҳади аксар кишварҳои Аврупо барои муҳоҷирон баста шуд. Дар натиҷа ҳазорҳо муҳоҷирон дар минтақаҳои сарҳадӣ дармонданд.