01:28, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Олмон: 5,8 ҳазор навраси муҳоҷир бедарак шудаанд

Дар Олмон 5,8 ҳазор навраси муҳоҷири бақайдгирифташуда, бедарак мебошанд.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии ин кишвар хабар медиҳад. Бино ба иттилои ин ниҳод аз 8 ҳазору 6 навраси бедаракшуда, танҳо 2 ҳазору 171 нафари онҳо пайдо гардидаанд. Бештари гумгаштагон табааи кишварҳои Афғонистон, Сурия, Эритрея, Марокаш ва Алҷазоир мебошанд. Миёни 6 ҳазор навраси бедаракшуда 555 тани он кӯдаконеанд, ки ба синни 14 нарасидаанд. Моҳи март Хадамоти матбуоти полиси Аврупо иброз дошт, ки давоми беш аз 2 соли ахир 10-ҳазор кӯдаки фирорӣ бероҳнамоии калонсолон вориди ин минтақа гардидаанд. Ба таъкиди Хадамоти полиси Аврупо эҳтимол бештари онҳо ба дасти гурӯҳҳои ҷиноятпешае афтодаанд, ки ба хариду фурӯши одамон машғуланд. Тибқи омор соли 2015-ум 1,8 миллион паноҳҷӯ вориди Иттиҳоди Аврупо шудаанд. Аксарияти онҳо тариқи Туркия ба Юнон ворид гардида, баъдан ба дигар кишварҳои Аврупо роҳ пеш гирифтаанд. Бо мақсади ба эътидол овардани вазъият Иттиҳоди Аврупо бо Туркия дар хусуси баргардонидани муҳоҷирони ғайриқонунӣ бар ивази қабули фирориён ба мувофиқа расиданд. Тибқи ин тавофуқнома 72 ҳазор муҳоҷир аз ҷазираҳои Юнон ба Туркия баргардонида мешавад. Дар ҳамин ҳол гузориш дода мешавад, ки ҳазорҳо нафар гурезагони Сурияро дар кишварҳои гуногуни Иттиҳоди Аврупо бо паноҳгоҳ таъмин мекунанд.