10:03, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Барои рондани муҳоҷирон аз назди сарҳад тирҳои резинӣ истифода гардид

Полиси Македония барои пароканда сохтани муҳоҷирон, ки

қасди вуруд ба ин кишварро доштанд, аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода намуд. Ҳодиса дар минтақаи аҳолинишини Идомении Юнон, ки дар марз бо Македония воқеъ аст, ба вуқӯъ пайваст. Дар пайи ин рӯйдод зиёда аз 300 паноҳҷӯ осеб дид. Дар ин бора Созмони «Табибони бидуни марз» иттилоъ дод. Теъдоди зиёди муҳоҷирон бо сабаби лат бардоштани баданашон ба мутахассисони ин созмон муроҷиат овардаанд. Намояндаи Оҷонсӣ оид ба корҳои муҳоҷирони Юнон Георгус Куритсис Македонияро барои истифодаи гази ашковар ва тирҳои резинӣ нисбат ба занону кӯдакон маҳкум намуд. Ба таъкиди як қатор манбаъҳо пас аз паҳн шудани овоза дар хусуси боз шудани марзи Юнон бо Македония бетартибӣ бархостааст. Пас аз он, ки роҳи Балкан баста шуд, 11 ҳазор муҳоҷир дар минтақаи аҳолинишини Идомении Юнон ҷамъ омаданд.