02:17, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Зафар Саидов барои муҳоҷирон аз «Таърихи Россия» китоб навишт

Китоби тозанашри номзади илмҳои таърих Зафар Саидов

таҳти унвони «Таърихи Россия» рӯйи чоп омад. Асари мазкур бо теъдоди 1000 нусха аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Контраст» ба табъ расида, ҳамчун дастурамал оид ба таърихи гузаштаи Федератсияи Россия барои муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ гардидааст. Муаллифи асари мазкур бештар дар саҳифаҳои он аз таърихи қадима ва то ба имрӯзи Россия маводи зиёдро пешкаши хонандагон намудаанд. Ҳадаф аз рӯйи чоп овардани чунин як дастурамал барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия азбарнамоии оддитарин расму оин ва рукнҳои таърихи халқу миллати рус мебошад. Маводи дар ин асар ҷойдодашуда, бо забони шевою равони русӣ фаҳмонида шуда, барои хонандагон имконияти хубӣ мутолеаро фароҳам овардааст.