02:52, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вуруди 1,8 млн муҳоҷир ба Иттиҳоди Аврупо дар соли 2015

Низомиёни Миср дар баҳри Миёназамин киштии хурди

ҳомили муҳоҷирони ғайриқонуниро боздошт намуданд. Ба иттилои расонаҳо паноҳҷӯён мақсади расидан ба Италияро ба сар мепарвариданд. Ҳамаи 14 нафар аз дастгиршудагон шаҳрвандони Миср буда, аз 12 то 20 сола мебошад. Ҳамчунин 6 ҳайати сарнишинони киштӣ боздошт гардидааст. Оид ба ин қазия тафтишот идома дорад. Бино ба иттилои Оҷонсии назорати наздисарҳадии Аврупо - «Фронтекс» соли 2015-ум 1,8 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ ба Иттиҳоди Аврупо ворид гардидааст. Аксарияти онҳо тариқи Туркия ба Юнон ворид шуда, баъдан ба дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо роҳ пеш гирифтаанд. Тақрибан 3,5 ҳазор аз фирориён ҳангоми убури баҳри Миёназамин ба ҳалокат расидаанд. Комиссияи Аврупо изҳор доштааст, ки буҳрони муҳоҷират дар сайёра аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон бесобиқа мебошад.