02:53, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Юнон: норозигии муҳоҷирон аз таҳвилашон ба дигар мавзеъҳо

Муҳоҷирони бошишгоҳи минтақаи аҳолинишини Идомении Юнон

аз таҳвилашон ба шаҳри Афина ё Туркия изҳори норозигӣ мекунанд. Онҳо тақозои боз кардани марзи Македонияро доранд. Созмонҳои ҳуқуқи башар аз созишномаи Иттиҳоди Аврупо бо Туркия оид ба ихроҷи муҳоҷирон норозигӣ баён карда, изҳор доштаанд, ки ҳуқуқи одамон поймол мегардад. Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки сиёсати нав дар соҳаи муҳоҷират натиҷа дода истодааст. Роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо танҳо ба созишномаи бо Туркия имзошуда иктифо накарда, изҳор медорад, ки бояд қонунгузорӣ дар самти муҳоҷират тағйир дода шавад. Брюссел пешниҳод дорад, ки муҳоҷирон дар доираи низоми адолат ва масъулияти умумӣ миёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо тақсим карда шаванд. Тибқи нақша муҳоҷирон дар доираи тавофуқномаи Брюссел ва Анқара аз Юнон ба бандари шаҳри Дикилии Туркия зина ба зина таҳвил меёбанд.