08:11, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тақдири ояндаи муҳоҷирон ҳанӯз рушан нест

Дар маркази нигаҳдории муҳоҷирон, воқеъ дар ҷазираи Лесбоси Юнон

ҳазорҳо муҳоҷир интизори тақдири ояндаи худ ҳастанд. Ҳанӯз маълум нест, ки онҳоро ба Туркия бармегардонанд ё ҳуҷҷатҳои мақоми муҳоҷирро барояшон дастрас мекунанд. Вале бештар аз ҳама онҳо мехоҳанд озод бошанду дар яке аз кишварҳои Аврупо фаъолияти худро идома диҳанд. Наздики 200 муҳоҷир дар назди девори аз симхор иборатбудаи сарҳад роҳпаймоӣ доир намуданд. Дар ҳамин ҳол ҳукуматдорони Юнон ихроҷ кардани муҳоҷиронро аз қаламрави худ ба муддати чанд рӯз мутаваққиф карданд. Гуфта мешавад, ки барои қабули қарори мазкур чанд омил вуҷуд дорад. Намояндаи Созмони ҳифзи ҳуқуқи инсон «Human Rights Watch»,-ро ки дар ҷазираи Лесбос қарор дорад, нагузоштанд, ки бо муҳоҷирон суҳбат карда, аз вазъи шароит ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳо бохабар шавад. Чунин як роҳпаймоӣ дар маркази нигаҳдории муҳоҷирон дар минтақаи сарҳадии Юнону -Македония Идомени баргузор гардид. Дар ин ҷо кӯдакон бо шиору овезаҳои «Моро хомӯшона нест мекунанд» баромад намуданд. Эътирзгарони хурд тақозо намуданд, ки сарҳадро боз карда, барои идома ҳаракати онҳо иҷозат диҳанд. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидаи роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо дар самти пешгирӣ аз воридшавии муҳоҷирон, вале онҳо ҳамоно ба кишварҳои Аврупо ворид мешаванд. Ба иқрори коршиносон муҳоҷирон барои ба Иттиҳоди Аврупо ворид шудан аз роҳҳои наздисоҳилии Либия, Тунис ва Алҷазоир истифода мебаранд.