04:56, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

СБМ: дар соли ҷорӣ 160 000 нафар муҳоҷирон аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд

Дар баҳри Миёназамин давоми шабонарӯзи ахир нозирони наздисоҳилии Италия

беш аз 1500 нафар муҳоҷирро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Дар маҷмӯъ дар ин минтақа 11 амалиёти наҷотдиҳӣ гузаронида шудааст. Наҷотёфтагон муҳоҷирони кишварҳои Осиё ва Шарқи Наздик мебошанд. Онҳо таввасути қаиқҳои фарсуда мақсади вуруд ба кишварҳои Аврупоро доштанд. Тибқи омори Созмони байналмилалии муҳоҷират аз оғози соли ҷорӣ то кунун 160 ҳазор нафар муҳоҷир аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд. Дар ин муддат 500 нафар дар обҳо ғарқ шудаву ҷон бохтанд. Солҳои охир вобаста ба нооромиҳо шаҳрвандони кишварҳои Африқои Шимолӣ ва Ховари Миёна тариқи Баҳри Миёназамин вориди Аврупо мешаванд. Аммо дар аксар маврид дар роҳ ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд. Киштиҳое, ки муҳоҷирон тавассути он ҳаракат мекунанд ба ягон талабот ҷавобгӯ намебошад.