03:35, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Италия муҳоҷирон аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд

Дар соҳилҳои Италия нозирони наздисоҳилӣ садҳо нафар

муҳоҷири ғайриқонуниро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Иттилоъ дода мешавад, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ тариқи баҳри Миёназамин аз Либия вириди ин кишвар шуда буданд. Танҳо давоми ду шабонарӯзи ахир 500 нафар муҳоҷир дар ҷазираи Ситсилияи Италия аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд. Дар миёни муҳоҷирони наҷотёфта занону кӯдакон низ мебошанд. Аз оғози соли ҷорӣ то кунун 13 ҳазору 829 муҳоҷир дар баҳри Миёназамин наҷот дода шуданд. Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 38 дарсад зиёд мебошад. Аксар вақт муҳоҷирон тавассути киштиҳои фарсуда ҳаракат мекунанд, ки чунин амали онҳо дар бештари мавридҳо ба фоҷиа анҷом меёбад.