04:04, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Муҳоҷирон барои боз кардани сарҳад намоишҳои оммавӣ доир карданд

Фирориёни урдугоҳи Идомении Юнон бо талаби боз кардани сарҳад

бо Македония намоиши оммавӣ доир карданд. Муҳоҷирон тариқи роҳи Балкан мақсади расидан ба ҳудуди Аврупои Ғарбиро доранд. Маълумот оид ба он ки дар наздиктарин фурсат роҳ кушода мешавад, вазъиятро боз ҳам мураккабтар намудааст. Ҳазорҳо нафар муҳоҷирон дар ин ҷо дар ҳолати ниҳоят вазнин умр ба сар мебаранд. Аз оғози соли равон чанд кишвари Аврупо назоратро дар марзҳои худ пурзӯр гардонидааст. Чанде пеш Иттиҳоди Аврупо бо Туркия дар хусуси баргардонидани муҳоҷироне, ки баҳри Эгейро убур мекунанд, ба мувофиқа расида буданд. Созишнома ба он нафароне, ки пеш аз ба имзо расидани қарордод ба Аврупо ворид шудаанд, рабт надорад. Теъдоди фирориёне, ки дар марзи Юнон бо Македония қарор доранд, 12 ҳазор рақам зада мешавад. Шумораи умумии муҳоҷирон дар Юнон аз 40 ҳазор нафар ҳам бештар арзёбӣ мегардад.