01:02, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Либия: ғарқшавии киштии муҳоҷирон ба ҳалокати 12 кас боис шуд

Дар соҳилҳои Либия ҳодисаи ғарқшавии киштии ҳомили муҳоҷирони

ғариқонунӣ ба қайд гирифта шуд. Бар асари ғарқшавии киштӣ 12 нафар ҷон бохт. Ҷасади муҳоҷиронро нозирони наздисоҳилии Либия дар 75 километраи қисми шарқии шаҳри Триполи пайдо карданд. Тибқи иттилои мавҷуда муҳоҷирон ҷониби ҷазираҳои Лампедузаи Италия дар ҳоли ҳаракат будаанд. Шахсият ва табааи кадом кишвар будани муҳоҷирони ғарқшада муайян карда нашудааст. Ба гуфти вазири мудофиаи Франсия тақрибан 800 ҳазор муҳоҷир дар Либия то ҳол мунтазири сафар ба Аврупо мебошанд.