04:47, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар соҳилҳои Флорида киштии ҳомили муҳоҷирон ғарқ шуд

Дар соҳилҳои штати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

киштии ҳомили муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба фалокат дучор омад. Бар асари ин ҳодиса 8 нафар ғарқ шуда, 18 каси дигарро дар ҳоли беҳушӣ пайдо намуданд. Муҳоҷирони Куба нақша доштанд, ки бо истифода аз киштии худсоз вориди Амрико гарданд. Нозирони наздисоҳилии мамлакат дар соҳилҳои штати Флорида гурезагонро наҷот доданд. 16-уми марти соли равон мошини боркаши ҳомили 95 муҳоҷири ғайриқонунӣ, ки қасди вуруд ба Амрикоро ба сар мепарвариданд, дар Мексика боздошт гардид.