07:44, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Баҳси ҷойгир кардани муҳоҷирон дар Аврупо идома дорад

Тавофуқномаи баъзе кишварҳои Аврупо оид ба масъалаи муҳоҷират

Конвенсияи Иттиҳодияи Аврупо вобаста ба ҳуқуқи инсонро поймол нахоҳад кард. Дар ин бора намояндагони комиссияи Аврупо иттилоъ доданд. Зеро тибқи созишномаи мазкур сухан дар бораи иҷборан ба ватан баргардонидани ҳазорҳо нафар муҳоҷирон намеравад. Баръакс ба муҳоҷироне, ки аз кишварҳои ҷангзада фирор кардаанд, имтиёзҳои бештар пешбинӣ гардидааст. Вале он муҳоҷироне, ки дар зодгоҳу ватанашон сулҳу оромӣ асту бо сабабҳои мушкили иқтисодӣ рӯ ба ҳиҷрат овардаанд, ба хонаҳояшон баргардонида мешаванд. Аммо намояндагони созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва муҳоҷирон андешаи дигар доранд. Яке аз чунин ниҳод «Созмони ҷаҳонии табибони бидуни марз» мебошад. Онҳо тавофуқномаи ҳосилшударо мавриди интиқоди шадид қарор дода, аз роҳбарони бештари кишварҳои Аврупо тақозо доранд, ки зери ҳуҷҷати мазкур имзо нагузоранд. Нисбат ба созишномаи мазкур ҳамчунин сарвазири Италия Маттео Ренси зид баромад намуд. Номбурда мегӯяд, ки Аврупое, ки миллиардҳо евро сарф карда, ба сайёраи Миррих дастгоҳҳои тадқиқотии кайҳонӣ мефиристад, дар пеши чашмонаш муҳоҷирон дар бадтарин шароит қарор доранду инро нодида мегирад. Ҳодисае, ки ӯ ва ҳазорҳо сокинони Аврупоро нигарон кардааст, ин таваллуди муҳоҷирзане дар яке аз хаймаҳои Идомени Юнон мебошад. Дар ин хаймаҳои муҳоҷирон шароит барои зист мавҷуд набуда, бошандагони он бо оддитарин қоидаҳои санитарӣ таъмин нестанд. Давоми ҳафтаи равон дар пойтахти Белгия - шаҳри Брюссел саммити навбатии роҳбарони Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаи муҳоҷирон баргузор мегардад. Бо вуҷуди тадбирҳои шадиди назоратӣ, вуруди муҳоҷирон ба кишварҳои Аврупо ҳамоно идома дорад. Давоми ҳафтаи равон боз садҳо муҳоҷир аз кишварҳои Африқо ба бандари Поттсалои Ситсилия ворид шуданд.