03:42, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Италия: беш аз 2 ҳазор муҳоҷирон аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд

Нозирони наздисоҳилии Италия давоми ду рӯзи ахир 2 ҳазору

400 муҳоҷири ғайриқонуниро дар соҳилҳои кишвар наҷот доданд. Дар байни наҷотёфтагон занону кӯдакон низ ҳастанд. Муҳоҷирон асосан табааи кишварҳои Африқои Шимолӣ ва Ховари Миёна мебошанд. Онҳо тавассути қаиқҳои резинии фарсуда ҳаракат мекарданд. Танҳо давоми як рӯз нозирони наздисоҳилии итолиёвӣ 12 амалиёти наҷотдиҳиро дар халиҷи Тунис анҷом доданд. Дар ин амалиёт ҷасади 3 муҳоҷири дигар пайдо карда шудааст, ки то ҳол табааи кадом кишвар будани онҳо дақиқ нест. Ба ақидаи масъулини Италия дар аксар ҳолатҳо тариқи киштиҳои фарсуда шино кардани муҳоҷирон ба фоҷиа анҷом меёбад. Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ дар давоми як моҳ нозирони наздисоҳилӣ тавонистанд, ки ҳазорҳо нафар муҳоҷирони ғайрқонуниро наҷот диҳанд. Рӯзҳои 17 ва 18-уми март дар шаҳри Брюссели Белгия саммити навбатии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо вобаста ба масъалаи муҳоҷирон доир мегардад.