07:22, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Муҳоҷирон дар марказҳои махсуси дорои шароити беҳтар ҷойгир карда мешаванд

Сарвазири Юнон Алексис Сипрас гуфт, ки роҳи Балкан маҳкам боқӣ мемонад.

Комиссари Аврупо оид ба масъалаи муҳоҷират Димитрис Аврамопулос таъкид кард, ки ҳамаи гурезагони кишварҳои ҷангзада ба пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳтиёҷ дошта, онҳо аз рӯйи қатънома ва меъёрҳои Иттиҳоди Аврупо ва СММ бо ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд. Муддати беш аз як моҳ мешавад, ки фирориён дар минтақаи аҳолинишини Идомении Юнон, ки дар марз бо Македония воқеъ аст, дар ҳолати сангин умр ба сар мебаранд. Аврамопулос ба паноҳҷӯён ваъда дод, ки дар рӯзҳои наздик муҳоҷирон ба марказҳои махсуси дорои шароити беҳтар ҷойгир карда мешаванд. Аз рӯйи меъёр бояд, ки ҳар ҳафта ҳадди ақал то 6 ҳазор фирорӣ бо макон таъмин карда шаванд. Димитрис Аврамопулос аз тамоми кишварҳои Иттиҳоди Аврупо даъват ба амал овард, ки уҳдадориҳои худро иҷро намоянд. Дар ҳамин ҳол ҳукуматдорони Македония 1500 муҳоҷирро, ки бо роҳҳои гуногун вориди ин кишвар шудаанд дубора ба Юнон баргардониданд. Чанде пеш Скопя ба таври расмӣ дар хусуси маҳкам кардани сарҳади худ ба рӯйи муҳоҷирон ва надодани паноҳгоҳ эълон намуда буд. Македония ин иқдомро дар асоси ҷори кардани тадбирҳои шадид оид ба вуруди барзиёди муҳоҷирон, ки аз ҷониби Австрия, Словения, Сербия ва Хорватия амалӣ карда шуд, рӯи даст гирифт. Воридшавии фирориён ва муҳоҷирон аз баҳри Эгей ба бандарҳои Перейи Юнон ҳамоно идома дорад. То 4 ҳазор нафар дар хаймаҳо, ки дар атрофи бандари Перей воқеъ аст, зиндагӣ доранд. Боз 10 ҳазори дигар дар ҷазираҳои Эгей буда, мунтазири таҳвили худ ба соҳилҳои Юнон мебошанд. Дар марказҳои омода кардани Иттиҳоди Аврупо дар Юнон то 20 ҳазор нафар қарор доранд. Вале гурезагон хоҳиши дар ин ҷо доимӣ боқӣ монданро надошта, мақсади идомаи сафарро доранд. Бино ба иттилои Созмони байналмилалии муҳоҷират аз оғози сол то ба ин дам тариқи баҳри Миёназамин 152 ҳазор нафар вориди Аврупо шудаанд. Аз ин миён 456 нафари он ҳангоми кӯшиши воридшавӣ дар об ғарқ шуда ба ҳалокат расида ва ё бедарак шудаанд.