05:23, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар марзи Юнон бо Македония кумакҳои гуманитарӣ тақсим карда шуд

Дар бошишгоҳи фирориёни минтақаи аҳолинишини Идомении Юнон

дар марз бо Македония кумакҳои гуманитарӣ тақсим карда шуд. Наздик ба 14 ҳазор паноҳҷӯён дар ин ҷо дар ҳолати сангин умр ба сар мебаранд. Ҳангоми тақсимнамоии маводи озуқаворӣ миёни онҳо муноқиша сар мезанад. Аз замоне, ки ҳукуматдорони Скопя дар марз бо Юнон девор бунёд намуданд, муҳоҷирон имкон намеёбанд, ки роҳи худро давом диҳанд. Бориши борон атрофи хаймаҳои бошишгоҳи фирориёнро ифлостар намудааст. Ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон аз фоҷиаи гуманитарӣ нигаронӣ доранд. Муддати чандест, ки гурезагони Сурия мунтазири тақдири ояндаи худ мебошанд. Зеро кишварҳои Аврупо бояд, ки фирориён аз Сурияро миёни кишварҳои гардиши евро тақсим намуда, ҷо ба ҷо намоянд. Аммо паноҳҷӯён аз Покистон, Марокаш ва дигар кишварҳо, ки дар он мамлакатҳо ҷанг нест ҳукуматдорони Юнон дубора ба Туркия тариқи киштиҳои муҳофизони наздисоҳилӣ бармегардонанд. Брюссел мақсад дорад, ки дар фурсати наздиктарин 6 ҳазор муҳоҷирро, ки дар Юнон қарор доранд, дар дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тақсим ва ҷо ба ҷо намояд. Афина тасмим дорад, ки фирориёни бошишгоҳи минтақаи аҳолинишини Идомениро дар дигар урдугоҳҳо, ки дорои шароити беҳтаранд, ҷо ба ҷо намояд. Ҳукуматдорони Юнон ваъда додаанд, ки аз қувва истифода намебаранд. Вале то ба ҳол танҳо 800 паноҳҷӯ барои тарк кардани бошишгоҳи Идомени розигӣ додаанд. Айни ҳол теъдоди фирориён ва муҳоҷирони дар Юнон дармонда ба 42 ҳазор баробар шудааст. Аз ин нишондод наздик ба 12 ҳазор дар бошишгоҳи Идомени, 10 ҳазор дар ҷазираҳои шарқии баҳри Эгей қарор доранд. 10 ҳазори дигар дар атрофи шаҳри Афина ҷойгир буда, боқимонда дар қисмати шимолии Юнон ҷойгир карда шудаанд. 42 дарсади умумии муҳоҷиронро гурезагон аз Сурия ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти пешакӣ наздик ба 30 дарсади фирориёнро кӯдакон мебошанд.