05:38, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Теъдоди муҳоҷирони ҷамъомада дар марзи Юнон бо Македония ба 15 000 нафар расид

Созмонҳои гуманитарӣ омодаги ба он мегиранд, ки фирориён ва муҳоҷирон

баҳри расидан ба Олмон ва дигар кишварҳои Аврупои Шимолӣ, роҳҳои навро пайдо месозанд. Баста шудани роҳи Балкан назарҳои гуногунро дар байни як қатор ҳукуматдорони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ба миён овард. Маҷористон таъкид медорад, ки ба хотири пурзӯр кардани марзи худ низомиён ва кормандони полиси иловагиро сафарбар менамояд. Будапешт ин тадбири худро дар асоси ҷорӣ шудани меъёру шартҳои нав баҳри қабули муҳоҷирон аз тарафи мамлакатҳои Сербия, Словения ва Хорватия маънидод кард. Ҳамчунин ҳукуматдорони Маҷористон иттилоъ доданд, ки дар сурати зарурат дар сарҳад бо Руминия дар давоми 10 рӯз монеагоҳи сунъӣ, бунёд менамоянд. Вазири корҳои дохилаи Маҷористон Шандор Пинтер таъкид намуд, ки айни ҳол воридшавии барзиёди муҳоҷирон аз қаламрави Руминия мушоҳида намешавад. Аммо дар сурати мушкил шудани вазъият имкон ҳаст,ки ҳукумати Маҷористон ба таври оҷилӣ амал намояд. Бино ба иттилои ташкилоти хайриявии «Табибони бидуни марз» 40 дарсади фирориёне, ки дар минтақаи аҳолинишини Идомении марзи Юнон бо Македония ҷамъ омадаанд кӯдакон ташкил медиҳанд. Рассом аз Ҷумҳурии Мардумии Чин Ай Вей Вей аз он, ки дар асри 21 дар Аврупо чунин вазъият атрофи муҳоҷирон, мушоҳида мешавад амали ғайри қобили қабул шуморид. Зеро паноҳҷӯён дар сардӣ шабро рӯз намуда истодаанд. Теъдоди муҳоҷирони дар минтақаи аҳолинишини Идомении марзи Юнон бо Македония ҷамъ омада ба 15 ҳазор нафар расидааст. Маводи ғизоии гарм ба ҳамагон намерасад. Фирориён таъкид медоранд, ки онҳо хаста шудаанд.