05:54, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Муҳоҷирон мунтазири бозшавии сарҳади Македония ҳастанд

Теъдоди фирориёне, ки дар минтақаи аҳолинишини Идомении Юнон

дар марз бо Македония ҷамъ омадаанд, ба 14 ҳазор нафар баробар шуд. Муҳоҷирон бар он умеданд, ки Македония сарҳади худро боз менамояд ва онҳо сафари худро ба ғарби Аврупо идома медиҳанд. Айни ҳол Македония танҳо ба он фирориёне иҷозаи вуруд медиҳад, ки дар кишвар ва ё шаҳрҳояшон муҳорибаҳо идома доранд. Маҳдудиятҳои нав ба фирориёни шаҳри Ҳалаби Сурия имкон медиҳад, то онҳо аз Юнон ба Македония ворид шаванд. Аммо гурезагони шаҳрҳои Димишқ ва Бағдод чунин афзалиятро надоранд. Фирориёни дар минтақаи аҳолинишини Идомении Юнон ҷамъ омада, изҳор медоранд, ки дар ҳолати душвор қарор доранд. Ба хотири пайдо кардани пораи нон миёни муҳоҷирон гоҳ-гоҳ бархӯрд сурат мегирад. Аз ин вазъият бештар кӯдакон ранҷ мебаранд. Ҳамарӯза ба Македония танҳо 10 нафар ворид мешавад. 5-уми март ҳукуматдорони Македония ба 99 фирорӣ иҷозаи вуруд ба ин кишварро дода буданд. Ҳазорҳо фирории дигар мунтазири вуруд ба Македония мебошанд.