05:48, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Киштии ҳомили муҳоҷирон ғарқ шуд ва 25 нафар ба ҳалокат расид

Дар байҳри Эгей, саҳеҳтараш дар соҳилҳои Туркия

киштии ҳомили муҳоҷирон ба фалокат дучор омад. Бар асари ғарқшавии киштӣ 25 нафар ҷон бохт. Расонаҳои хабарӣ қисми бештари қурбониёнро кӯдакон арзёбӣ намуданд. Киштии мусофирбар ҷониби ҷазираҳои Юнон равона буд, аммо дар наздикии музофоти Айдини қисми ҷанубии Туркия ғарқ шуд. Ба нозирони наздисоҳилии Туркия муяссар омад, ки 15 фирориро аз ғарқшавӣ наҷот диҳанд. Айни ҳол ҷустуҷӯи мусофирони боқимонда бо ҷалби чархболу сафинаҳои махсус идома дорад. То ҳол теъдоди нафароне, ки дар киштӣ қарор доштанд, мушаххас карда нашудааст. Як моҳ қабл низ дар пайи ҳодисаи мушобеҳ дар соҳилҳои Туркия 27 нафар ба ҳалокат расида буд.