04:05, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

7 ҳазор муҳоҷирон мехоҳанд вориди Аврупои Ғарбӣ шаванд

Наздик ба 7 ҳазор муҳоҷирон аз кишварҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон

дар минтақаи Идомении наздимарзии Юнон бо Македония ҷамъ омада, ҳамоно хостори идомаи сафар баҳри расидан ба Аврупои Ғарбӣ мебошанд. Собиқ кишвари Югославия-Македония аз Иттиҳоди Аврупо ва зерсохторҳои он тақозо дорад, ки нисбати буҳрони муҳоҷират тадбирҳои оҷилӣ андешанд. Як қатор кишварҳои Балкан, ки роҳи асосии муҳоҷирон барои расидан ба дигар мамолики Аврупо маҳсуб меёбад, марзи худро ба рӯйи муҳоҷирон банд намуданд. Ҷониби Словения бошад, мақсад дорад, ки ба додгоҳи Аврупо шикоят бурда, ғайриқонунӣ будани тариқи квота қабул кардани муҳоҷиронро исбот созад. Зеро Бротислава хостори қабули фирориён намебошад. Канслери Австрия Вернер Файман аз он, ки кишвари ӯ барои теъдоди зиёди фирориён ба кишвари гузаро табдил ёфтааст, сахт норозигӣ баён карда, эълон намуд, ки бояд ҳиҷрати бетартибонаи муҳоҷирон пешгирӣ карда шавад. Новобаста аз маҳкам будани сарҳадҳои баъзе кишварҳо аз ҷазираҳои Баҳри Эгей кемаҳои гузарои Юнон ҳамарӯза то 3 ҳазор фирориёнро ба бандари Перей ворид менамоянд. Ҳукуматдорони Юнон ва созмонҳои башарӣ кӯшиш менамоянд, ки паноҳҷӯёнро дар маконҳои муваққатии зист ҷой намоянд. Сарвазири Юнон Алексис Сипрас таъкид кард, ки Иттиҳоди Аврупо дар ин мушкилӣ тадбири натиҷабахш ва ҳақиқиро пайдо карда натавониста истодааст. Брюссел дар ҳалли буҳрони муҳоҷират умед ба Туркия дошта, аз ин рӯ ба ин кишвар 3 миллиард евро ваъдаи кумак намуд. 7-уми март саммити Иттиҳоди Аврупо ва Туркия оид ба мушкилии муҳоҷирон баргузор мешавад.