04:15, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Швейтсария барои мондан ё хориҷ кардани муҳоҷирон раъйпурсӣ гузаронд

Дар Швейтсария зимни баргузории раъйпурсӣ аксари шаҳрвандон

зидди иқдоми ҳизби мардумии консервативии Швейтсария оид ба масъалаи ихроҷ кардани муҳоҷир ё шаҳрванди хориҷие, ки ҷиноят содир намудааст, овоз доданд. 59 дарсади сокинон зидди ин ташаббус раъй доданд. Ба андешаи мухолифон дар сурати қабул шудани ин лоиҳа имконият фароҳам меомад, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дер боз дар Швейтсария зиндагӣ кардаанд ва ҳатто хориҷиёне, ки дар ин кишвар таввалуд шудаанд, ихроҷ карда шаванд. Қабл аз баргузории раъйпурсӣ Ҳизби мардумии консервативии Швейтсария омор интишор намуда таъкид кард, ки 73 дарсади ҳодисаҳои ғоратгарӣ, 61 дарсади ҳодисаҳои таҷовуз ва 58 дарсади ҳодисаи куштор ба хориҷиён рост меояд. Вале ин омори ҳузнангез шаҳрвандони Швейтсарияро водор карда натавонист, ки ба ҳуҷҷате, ки зидди муҳоҷирон нигаронида шудааст, овоз диҳанд.