04:29, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

25 000 муҳоҷирони Сурия вориди Канада шуданд

Оғоз аз 4-уми ноябри соли сипаришуда, 25 ҳазор муҳоҷирони Сурия вориди Канада шудаанд.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарии ин кишвар, ҳавопаймои низомии неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Канада бо гурӯҳи охирини фирориён дар музофоти Квебек фуруд омад. Ҳамин тавр ҳукуматдорони Канада ваъдаи худро дар мавриди то 1-уми марти соли ҷорӣ ҷойгир кардани 25 ҳазор гурезагони Сурия дар қаламрави мамлакат иҷро намуданд. Дар ин бора вазир оид ба корҳои муҳоҷират ва шаҳрвандии кишвар Ҷон Маккаллум расман изҳорот хоҳад дод. Муҳоҷирони иҷборӣ чанд муддат боз дар урдугоҳҳои махсуси Урдун ва Лубнон умр ба сар мебурданд. Аз 1-уми январи соли ҷорӣ бошад, ҳавопаймоҳои низомии Канада қисми бештари муҳоҷирони дигарро, ки дар ҳудуди Туркия қарор доштанд, ба қаламрави хеш таҳвил доданд. Вазир оид ба корҳои муҳоҷират ва шаҳрвандии Канада, қаблан низ дар мавриди таҳвил ёфтани 50 ҳазор муҳоҷирони суриятабор, ки то охири соли 2016 сурат мегирад, изҳорот дода буд. Ин тадбир яке аз ваъдаҳои қабл аз интихоб шудан ба вазифаи сарвазирии Канада Ҷастин Трюдо ба ҳисоб меравад.