02:26, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Баҳси ҷой кардани муҳоҷирон дар Аврупо доманадор мешавад

Пас аз он, ки роҳи Балкан барои идомаи сафари муҳоҷирон

ба ғарби Аврупо мушкил гардид, наздик ба 25 ҳазор фирорӣ дар Юнон дармонданд. Сарҳадҳои ҳамсоякишвари Юнон қариб, ки пурра маҳкам мебошанд. Дар бандари Перей барои онҳо макони махсус омода карда шуд. Вале онҳо имкони дар ин ҷо боқӣ монданро надоранд. Зеро паноҳҷӯёни нав ворид шуда истодаанд. Эҳтимол дар рӯзҳои оянда сатҳи вуруди фирориён коҳиш ёбад. Зеро масъулон ҳаракати кемаҳои гузароро миёни ҷазираҳо ва минтақаҳои заминии кишвар манъ намуданд. Дар майдони Викторияи шаҳри Афина наздик ба 400 муҳоҷир ҷамъ омадаанд. Фирориён изҳор медоранд, ки аврупоиён бояд барои мо кореро анҷом диҳанд. Дар акси ҳол мо ба қафо барнахоҳем гашт. Аммо сокинони маҳаллӣ аз зиёд шудани муҳоҷирон дар хиёбонҳои шаҳр изҳори нигаронӣ менамоянд. Аз 1-уми январи соли ҷорӣ ба Юнон 101 ҳазор муҳоҷир ворид шудааст. Дар ин муддат ҳангоми убури баҳр 321 нафар бедарак шуда, ва ё ғарқ гардида, ҳалок шудаанд. Юнон нигаронӣ аз он дорад, ки ба макони ҷамъоии фирориён мубаддал мегардад. Умеди ҳалли ин масъала ба ҳамоиши Иттиҳоди Аврупо, ки 7-уми март муқаррар шудааст, нигаронида шудааст. Дар ҳамин ҳол ҳимоятгарони ҳуқуқи инсони Франсия тасмими додгоҳ оид ба тахриб кардани қисме аз бошишгоҳи фирориёни Калеро, ки «Ҷангал» ном гирифтааст, ба баҳс кашиданд. Ҳукуматдорони музофоти Кале ҳоло аз қувва кор нагирифта, бошандагони онҳоро водор ба он доранд, ки бо хоҳиши худ бошишгоҳро тарк созанд. Яке аз ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон Майк Конфорти норозоёна таъкид кард, ки масъулон барои ҳазор нафар ҷой фароҳам оварданд, вале 2 ҳазори дигар ба куҷо мераванд. Додгоҳ иқдоми тахриб кардани бошишгоҳро дуруст маънидод кард. Ҳукуматдорони Франсия тасмим доранд қисме аз фирориёнро дар контенейрҳои махсус ҷой карда, қисми дигарро ба дигар минтақаҳои кишвар таҳвил диҳанд. Аммо фирориён аз ин норозӣ буда, мақсади расидан ба Британияи Кабирро доранд.