00:53, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Воридшавии муҳоҷирон ба Юнон идома дорад

Дар шаҳри Афинаи Юнон ҳарчӣ зиёд муҳоҷирон аз Афғонистон ҷамъ омада истодаанд.

Чанд рӯз қабл ҳукуматдорони Македония ва Сербия марзи худро барои фирориёни Афғонистон маҳкам намуданд. Пас аз он, ки паноҳҷӯён роҳи оҳанро дар сарҳад бо Македония банд намуданд, полиси Юнон маҷбур шуд, ки онҳоро тариқи автобус ба шаҳри Афина таҳвил диҳад. Аз тарафи дигар ба бандарҳои Юнон ҳамоно воридшавии ҳазорҳо муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки қаблан дар ҷазираҳои баҳри Эгей фуруд омада буданд, идома дорад. Сарвазири Юнон Алексис Сипрас таҳдид кард, ки агар Брюссел ба тақсимнамоии муҳоҷирон ва мушкили онҳо ҷидди машғул нашавад, пас ҷараёни кори Иттиҳоди Аврупоро халалдор месозад. Дар ҳамин ҳол Иттиҳоди Аврупо муддати чандест, ки аз Афина тақозо дорад, ки камбудии худ оид ба назорат дар марзҳояшро бартараф созад. Як қатор роҳбарони кишварҳои аъзои гардиши евро Юнонро барои халалдорсозии арзишҳои созишномаи Шенген айбдор намуданд. Комиссари Олии СММ оид ба мавзӯи муҳоҷират Филипп Гранди зимни вохӯрӣ бо Алексис Сипрас изҳор кард, ки муҳоҷирони афғон, ки ба Македония ва дигар мамолики Аврупо роҳ наёфтанд, бояд, ки дар қаламрави Юнон ба ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ фаро гирифта шаванд. Ҳамчунини вохӯрии аъзои кишварҳои Балкан ва Австрия, дар шаҳри Вена ки намояндагони Юнон дар он даъват карда нашуданд, норозигии Афинаро дучанд намуд. Австрия ба таври ошкоро баён кард, ки пас аз он, ки Брюссел ба ин мушкили чандон мароқ зоҳир накард маҷбур шуд,ки бо ҳамсоягони худ роҳи дуруст назорат кардани сарҳадҳояшро пайдо созад.