08:07, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

700 муҳоҷир аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд

Нозирони наздисоҳилии Италия боз 700 муҳоҷири ғайриқонуниро наҷот доданд.

Дар байни наҷотёфтагон занону кӯдакон низ ҳастанд. Муҳоҷирон асосан табааи кишварҳои Африқои Шимолӣ ва Ховари Миёна мебошанд. Ҳамчунин нозирон ҷасади 4 муҳоҷири ғарқшударо берун бароварданд. Амалиёти наҷоти муҳоҷирон дар халиҷи Тунис сурат гирифтааст. Халиҷи мазкур дар марз миёни ҷазираи Ситсилияи Италия ва Тунис мавқеият дорад. Муҳоҷирон тавассути қаиқҳои резинӣ ҳаракат мекарданд. Ба ақидаи масъулини Италия дар аксар ҳолатҳо тариқи киштиҳои фарсуда шино кардани муҳоҷирон бо фоҷиа анҷом меёбад. Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ давоми як моҳ нозирони наздисоҳилӣ тавонистанд, ки ҳазорҳо нафар муҳоҷири ғайрқонуниро наҷот диҳанд. Омори Созмони умумиҷаҳонии муҳоҷират нишон медиҳад, ки аз оғози соли равон тавассути роҳҳои баҳрӣ 110 ҳазору 54 нафар аз тариқи баҳри Миёназамин вориди Аврупо шудаанд. Аз ин теъдод 413 нафарашон дар обҳо ғарқ шудаву ҷон бохтааст. Аз 1-уми январ бошад, то ҳол 7 ҳазору 507 нафар муҳоҷир қасди вуруд ба Италияро кардааст.