04:05, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Македония ва Белград аз қабули муҳоҷирони Афғонистон даст кашиданд

Роҳбарони як қатор кишварҳои Аврупо дар роҳи муҳоҷирон монеаҳои гуногун гузошта,

назорату қабулро дар ин самт торафт шадидтар мекунанд. Ғайр аз ин, нисбат ба вуруди онҳо қоидаву қарори нав ва маҳдудиятҳои зиёд ҷорӣ кардаанд. Ҳукуматдорони Македония қарор қабул намуданд, ки аз ин пас тавассути минтақаи сарҳадии худ бо Юнон шаҳрвандони Афғонистонро роҳ намедиҳанд. Ҳамин тариқ, тибқи муқаррароти ҷадид аз ин пас танҳо ба шаҳрвандони Сурияву Ироқ ва он ҳам баъди тафтишу муайян кардани ҳуҷҷатҳояшон иҷозаи вуруд дода мешавад. Дар баробари ин ҳангоми аз сарҳад гузаштан пурра мавриди тафтиш ва кофтукоб қарор мегиранд. Вобаста ба қарори мазкур даҳҳо нафар гурезагони Афғонистон дар назди сарҳади Македония бо Юнон ҷамъ омада, изҳори норозигӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол Скопе ҷониби Сербияро айбдор мекунад, ки барои вуруди муҳоҷирон тадбирҳои ҷиддиро рӯйи даст намегирад. Ҷониби Белград ҳам аз қабули муҳоҷирони Афғонистон даст кашид. Ин иқдоми Белград ба дармондани садҳо нафар муҳоҷири афғон дар минтақаи сарҳадӣ сабаб гардида, онҳо имкони расидани ба маконҳои дилхоҳашонро аз даст додаанд. Дар ҳамин ҳол ҳукуматдорони Австрия аз пурзӯр кардани назорат дар сарҳадот ва эъзоми неруҳои ҳарбии иловагӣ барои пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирон изҳорот доданд. Тибқи қарори нав ҳамарӯза танҳо 80 муҳоҷир қабул карда мешавад. Қарори мазкур дар Брюссел қабул шудааст. Тасмимҳои нави ҳукуматдорони кишварҳои мазкур нигаронии муҳоҷиронро ба миён оварда, онҳоро дар ҳолати ногувор қарор додааст.