04:02, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Муҳоҷирон бояд маълумотномаи тиббиро танҳо дар Маркази муҳоҷиратии Сахаровои Москва тартиб диҳанд

Аз 15 феврали соли 2016 муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо дар Маркази

муҳоҷиратии Сахарово аз муоинаи тиббӣ гузашта, барои гирифтани патент барои фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Москва маълумотномаи тиббиро низ аз маркази номбурда, аз филиали «Маркази илмӣ - таҷрибавии пусту зуҳравӣ ва косметологии шаҳри Москва» гиранд. Маблағи хизматрасонӣ дар марказ 2300 рубил русиро ташкил медиҳад. Хуҷҷатҳои тиббии то 15 феврали соли 2016 додашуда аз ҷониби дигар муассисаҳои тиббӣ барои тартиб ва аз навтартибдиҳӣ то ба итмом расидани муҳлати амали он (3 моҳ) қабул карда мешаванд. Ғайр аз хизматрасонии муоинаи тиббӣ дар ҳудуди Маркази муҳоҷиратии бисёрҷабҳа дар Сахарово, инчунин, ҳамаи дигар хизматрасониҳо ҷиҳати тартибдиҳии бастаи ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент расонида мешавад. Аз ҷумла: - хизматрасонӣ барои пур кардани ариза барои гирифтан ё аз нав тартибдиҳии патент, омодакунӣ ва ирсоли бастаи ҳуҷҷатҳо ба Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия дар шаҳри Москва; - тартибдиҳии нотариалии тарҷумаи шиноснома; - гузаштани тест барои донистани забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия; - гирифтани полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ. Аз моҳи январи соли 2015 дар Маркази бисёрҷабҳаи муҳоҷиратӣ дар Сахарово зиёда ах 465 ҳазор патент барои кор ба шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Молдова ва Украина дода шудааст.