03:15, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Юнон бақайдгирии муҳоҷиронро оғоз кард

Ҳукуматдорони Юнон бо тақозои роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо

бақайдгирии муҳоҷиронеро, ки тавассути баҳри Эгей ба ҷазираиҳои ин кишвар ворид мегарданд, оғоз карданд. Айни ҳол бақайдгириии гурезагон дар наздикии соҳилҳои Туркия шурӯъ шудааст. То ин дам чор нуқтаи қабули муҳоҷирон расман ба фаъолият оғоз карда, дар онҳо барои ҷой кардани то чор ҳазор муҳоҷир шароит фароҳам аст. Дар нуқтаҳои бақайдгирӣ муҳоҷирон то се шабонарӯз қарор гирифта, дар ин муддат тамоми ҳуҷҷату санад ва маълумотномаи онҳо омода карда мешавад. Намояндагони воломақоми Юнон аз марказҳои бақайдгирии муҳоҷирон дар ҷазираҳои Лерос в Хиос дидан карда, ваъдаи фароҳам сохтани шароит барои қабули муҳоҷирон аз кишварҳои ҷангзадаро намуданд. Ифтитоҳи марказҳои бақайдгирии муҳоҷирон дар ҳолест, ки рӯзҳои наздик ҳамоиши навбатии роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссели Белгия баргузор мегардад. Интизор аст, ки зимни ин чорабинӣ масъалаи муҳоҷират ва роҳҳои пешгирӣ аз вуруди онҳо ба кишварҳои Аврупо низ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Қаблан вазир оид ба масъалаи муҳоҷирони Юнон Янис Музалас роҳбарони Иттиҳоди Аврупоро дар риёкорӣ айбдор карда буд. Ба гуфти ӯ ҳифзи сарҳадоти Юнон хуб ба роҳ монда шуда, роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо дар ин самт ба онҳо ба таври бояду шояд кумак намерасонад. Аз рӯйи маълумоти намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират аз оғози соли равон тавассути роҳи баҳрӣ беш аз 85 ҳазор муҳоҷир ба мамлоики Иттиҳоди Аврупо ворид шудааст. Дар ин муддат зиёда аз 400 нафар муҳоҷир ҳангоми шино тавассути қаиқ ва заврақҳои ба талабот ҷавобгӯ набуда, ба ҳалокат расида, садҳо тани дигар бедарак гардидаанд.