05:06, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ироқ: 500 фирорӣ ба хонаҳояшон баргаштанд

Дар Ироқ зиёда аз 500 нафар сокинон, пас аз озод шудани маҳалҳои истиқоматӣ

аз тасарруфи ҷангиён ва гузаронидани корҳои барқарорсозӣ, дубора ба хонаҳояшон баргаштанд. Бино ба гуфтаи намояндаи СММ, эҳтимол давоми соли 2016 боз 900 нафар шаҳрвандони Ироқ ба макони доимии худ баргарданд. Ба гуфтаи ӯ, ба эътидол овардани вазъият дар минтақаҳои озодгардида ва бехатарии бозгашти дохилии муҳоҷирон, барои дурнамои ҳалли буҳрон дар Ироқ хеле муҳим мебошад. Қаблан низ зимни амалиёти роҳандозишуда ва корҳои барқарорсозӣ, зиёда аз 167 ҳазор сокинони шаҳри Тикрит ба ҷойи зисти доимии худ баргардонида шуданд. Низомиёни Ироқ дар ҳамдастӣ бо неруҳои ҳарбии кишварҳои хориҷӣ, бо мақсади озод кардани минтақаҳои дигари аҳолинишин, бар зидди ҷангиён амалиётро идома медиҳанд.