04:54, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Фронтекс» беш аз 90 муҳоҷирро аз ғарқшавӣ дар баҳри Эгей наҷот дод

Муҳофизони марзии Италия дар доираи се амалиёти наҷотдиҳии

Агентии аврупоии «Фронтекс» зиёда аз 90 муҳоҷиронро дар қисми шарқии баҳри Эгей наҷот доданд. Зимни амалиёти нахуст дар соҳилҳои ҷазираи Самос муҳоҷирон аз Сурия наҷот дода шуданд. Ду нафар шаҳрванди Туркия ба хотири таҳвили ғайриқонунии паноҳҷӯён дастгир гардиданд. Боздоштшудагон ба ҳукуматдорони Юнон супорида шуданд. Зимни ду амалиёти дигари наҷотдиҳӣ фирориён аз Покистон ба соҳил дастрас карда шуданд. Паноҳҷӯён мақсад доштанд, ки тариқи қаиқи резинии хурд ба соҳил расанд. Муҳоҷирон аз Туркия ба соҳилҳои ҷазираи Лесбоси Юнон, ки кишвари наздиктарини Иттиҳоди Аврупо аст, равон буданд. Муҳофизони марзии Италия бо дархости «Фронтекс» дар Юнон мустақар мебошанд. Дар ҷазираи Лесбоси Юнон бошад, ҳазорҳо ихтиёрон баҳри кумак намудан ба фирориён машғули кор мебошанд. Ихтиёрон таъкид медоранд, ки пас аз вуруд ба Аврупо мушкилии асосии муҳоҷирон надонистани забон мегардад. Зеро онҳо намедонанд,ки ба куҷо раванд. Аз оғози соли равон аллакай зиёда аз 60 ҳазор ивазкунандагони макони зист вориди Юнон шудаанд. Қисми зиёди онҳо дар ҷазираи Лесбоси Юнон мебошанд. Ба хотири он, ки муҳоҷирон ба Аврупо расанд, онҳо аз қаиқҳои хурди резинӣ ва фарсуда истифода мебаранд. Чунин қаиқҳо имкони таҳвили одамони зиёдро надоранд.