08:28, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар соҳилҳои Туркия 27 муҳоҷир ғарқ шуданд

Дар соҳилҳои Туркия киштии ҳомили муҳоҷирон ба фалокат дучор шуд.

Бар асари ғарқшавии киштӣ 27 нафар ҳалок гардид. Ба иқрори нозирони наздисоҳии маҳаллӣ муҳоҷирон дар аксар маврид барои вуруд ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз роҳҳои обии Туркия кор мегиранд. Гурезагон дар аксар ҳолат бо истифода аз қаиқҳои резиниву чӯбин ба об мебароянд, ки сафари онҳо бо ҳодисаҳои нохуш меанҷомад. Шумораи нафароне, ки дар обҳои наздисоҳилии Туркия ғарқ шудаанд, садҳо нафар гуфта мешаванд. Айни ҳол дар қаламрави ин кишвар зиёда аз 2 миллиону 500 ҳазор фирорӣ аз Сурия ва Ироқ умр ба сар мебаранд.