04:36, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Македония барои пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирон девори навбатӣ месозад

Ҳукуматдорони Македония сохтмони девори навбатӣ дар минтақаи сарҳадӣ бо Юнонро оғоз карданд.

Ҳадаф аз бунёди девор пешгирӣ аз вуруди бештари муҳоҷирон мебошад, ки ин омил нигаронии ҳукуматдоронро ба вуҷуд овардааст. Девори мазкур, ки дарозиаш 37 километрро ташкиш медиҳад, панҷ метр дуртар аз садде, ки моҳи ноябри соли гузашта сохташуда буд, бунёд мегардад. Қаблан ҳукуматдорони ин кишвари қароре қабул карданд, ки дигар ба вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ иҷозату имконият надиҳанд. Ҳамзамон ба муҳоҷироне, ки на бо сабаби нооромӣ тарки Ватан гуфтаанд, иҷозаи вуруд ба кишварҳои аврупоӣ дода намешавад. Тасмим навбатии ҳукуматдорони Македонии аллакай ба вуруди муҳоҷирон ба ин кишвари аврупоӣ таъсир расондааст. Дар натиҷа ҳазорҳо нафар муҳоҷирон дар минтақаҳои сарҳадӣ дармонда, дар шароити ногувор қарор гирифтаанд. Чунин вазъият дар баъзе минтақаҳои наздисоҳилии Юнон низ ба мушоҳида мерасад. Дар ин ҷо ҳазорҳо нафар муҳоҷирон, ки тавассути қаиқу заврақ ва дигар намуди нақлиёти обӣ вориди Юнон шудаанд, ба Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо имкони вуруд надоранд. Ин дар ҳолест, ки имрӯзҳо Юнон дар вазъияти душвори молӣ қарор дорад. Аммо бо вуҷуди ин муҳоҷирони зиёд маҳз тавассути ин кишвар вориди дигар мамолики Аврупо мегарданд. Айни ҳол садҳо нафар муҳоҷирон дар таваққуфгоҳҳои автомобилҳо ва дигар маконҳое, ки ба ягон талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ нестанд, маскан гирифтаанд. Қаблан ҳукуматдорон ваъда карда буданд, ки муҳоҷиронро тавассути автобусҳо ба минтақаҳои сарҳадӣ таҳвил медиҳанд, аммо то ҳол қисми зиёди гурезагон дар таваққуфгоҳҳо боқӣ мемонанд. Дар ҳамин ҳол муҳоҷирон изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, ки захираи хӯрока ва маблағҳояшон ба итмом расида, дигар намедонанд, ки чӣ кор кунанд.