05:43, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҷамъоварии 10$ млрд барои муҳоҷирони Сурия

Дар пойтахти Британияи Кабир - шаҳри Лондон конфронси кишварҳои донори кумакрасон ба Сурия баргузор гардид.

Иштирокчиёни ҳамоиш 10 миллиард доллар ҷамъоварӣ намуданд. Ин миқдор маблағ аз ҳаҷми зарурие, ки СММ тақозо мекард, зиёд мебошад. Сармояи ҷамъшуда ба сокинони зарардидаи Сурия, ки аз таъсири ҷанги шаҳрванди азият кашидаанд, расонида мешавад. Сарвазири Британияи Кабир Дэвид Кэмерон изҳор кард, ки дар соли 2016 барои амалишавии ин мақсад 6 миллиард доллар ҷамъоварӣ шуда, 5 миллиарди дигар то соли 2020, гирд оварда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки миллионҳо одамон дар Сурия бо маводи озуқа, кумаки тиббӣ ва сарпаноҳ таъмин мешаванд,- илова кард Кэмерон. Қисми зиёди маблағҳо ба фирориёни Сурия, ки дар Туркия, Лубнон ва Урдун ба умр сар мебаранд, равона мегардад. Дар кишварҳои зикрёфта аз 4 то 6 миллион гурезагони Сурия мебошанд. Шоҳи Урдун Абдулло 2 таъкид кард, ки кишвари ӯ танҳо дар сурати дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад расонидани кумакро ба фирориён идома диҳад. Иштирокчиёни конфронс ба як мақсад омаданд, ки то замоне, ки муҳорибаҳо дар Сурия қатъ нагардад ҷамъоварии маблағҳои зиёд мушкилиро дар ин кишвар ҳал нахоҳад кард.