02:28, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Муҳоҷирон мунтазири кушодашавии марз ҳастанд

Наздик ба 9 ҳазор муҳоҷир дар марз миёни Юнон ва Македония ҷамъ омаданд.

Ҳамаи онҳо мақсади расидан ба Олмонро доранд. Вале ҷониби Македония тайи чанд рӯз мешавад, ки сарҳади худро бо Юнон банд намудааст. Дар Македония ронандагони нақлиёти кирокаш муҳоҷиронро то сарҳади Сербия таҳвил медиҳанд. Аз ин рӯ, дар робита ба пардохт нашудани ҳаққи хизматрасонӣ ронандагон корпартоӣ намуданд. Дар ҳудуди Юнон 80 автобус бо ҳомили муҳоҷирон дармонданд. Фирориён аз сард гардидани обу ҳаво ва азоби кӯдакон шикоят доранд. Ҳукумати Македония тасмим гирифт, ки ба он муҳоҷироне, ки дорои ҳуҷҷати зарурӣ намебошанд, иҷозати вуруд надиҳад. Ба хотири он, ки гурезагон марзро убур намоянд дар гузаргоҳи сарҳадӣ навбат меистанд. Аз оғози соли 2016, ба ин сӯ 55 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ ба хотири расидан ба мамолики Аврупо сарҳади Македонияро убур намуданд. Тавре интизор меравад, бо фарорасии баҳор теъдоди фирориёне, ки ҳоҳиши расидан ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро доранд, ба маротиба меафзояд.