08:13, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар ҷазираи Лесбос ду маркази бақайдгирии муҳоҷирон бунёд меёбад

Дар ҷазираи Лесбоси Юнон ду маркази бақайдгирии муҳоҷирон бунёд меёбад.

Айни ҳол шароити мавҷуда имкон намедиҳад, ки фирориёни зиёде, ки аз Туркия вориди ҷазира мешаванд, бо шароити хуби зист таъмин гарданд. Дар маркази бақайдгирӣ муҳоҷирон бо ҳуҷҷати зарурӣ таъмин шуда, баъдан онҳо имкон пайдо мекунанд, ки сафари худ ба кишварҳои Аврупои Шимолӣ, қабл аз ҳама Олмон ва Шведсияро давом диҳанд. Тобистони соли сипаришуда барои бақайдгирии муҳоҷирони воридшуда дар ҷазираи Лесбос ба масъулон 5 рӯз лозим меомад. Бо бунёд ёфтани марказ ин амал дар як рӯз анҷом дода мешавад. Марзбонони Юнон амалиёти наҷотдиҳии муҳоҷиронро дар баҳр ҳамоно идома медиҳанд. Танҳо дар давоми як рӯз сарҳадбонони Юнон 413 муҳоҷирро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.