02:11, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Европол: дар 2 соли охир 10 ҳазор кӯдакони муҳоҷир бедарак шудаанд

Муддати 2 соли охир зиёда аз 10 ҳазор кӯдакони муҳоҷир

дар қаламрави Аврупо бедарак гардидаанд. Тавре маълум шуд, аслан он нафароне ғайб задаанд, ки беҳамроҳии волидон вориди Аврупо шудаанд. Чунин маълумот аз ҷониби Хадамоти полиси Иттиҳоди Аврупо «Европол» интишор гардид. Дар ҳисобот омадааст, ки кӯдакон пас аз бақайдгирӣ дар марказҳои мухталифи Иттиҳоди Аврупо ғайб задаанд. Мутахассисони «Европол» бар он назаранд, ки кӯдакон ба дасти гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтодаанд. Акнун чунин дастаҳо кӯдаконро барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун ва амалҳои шаҳвонӣ истифода хоҳанд кард. Ба иттилои ташкилоти «Сейв зе Чилдрен» тайи соли сипаришуда 26 ҳазор кӯдак беҳамроҳии волидон вориди Аврупо шудаанд. Гузориши «Европол» аз ворид шудани 270 ҳазор кӯдак дарак медиҳад, ки он ба 27 дарсад аз теъдоди умумии муҳоҷирони воридшударо ташкил медиҳад. Тақдири онҳо яке аз мавзӯоти асосии матраҳшаванда дар ҳалли буҳрони муҳоҷират ба ҳисоб меравад. «Европол» аз кишварҳои Балкан тақозо кардааст, ки ба вазъи муҳоҷирон, бахусус кӯдакон диққати бештар намоянд. Зеро фирориён аслан тариқи кишварҳои Балкан вориди Иттиҳоди Аврупо мешаванд. Эҳтимол аст, ки дар ин минтақа кӯдакон ба дасти гурӯҳҳои ҷиноятпеша меафтанд.