04:48, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Новобаста аз сардии ҳаво муҳоҷирон ба кишварҳои Аврупо раҳсипоранд

Новобаста аз сардии ҳаво ва мушкилиҳои зиёд дар роҳ,

муҳоҷирон ҳамоно аз рафтан ба кишварҳои Аврупо баргаштанӣ нестанд. Идомаи ҷангу хунрезӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик ҳаёти аксар сокинонро зери хатар қарор додааст. Аз ин хотир садҳо ҳазор нафарро зарурат пеш омадааст, ки ҷони худ ва наздикону пайвандонашро наҷот дода, роҳи ҳиҷратро пеш гиранд. Ҳамин тавр, имрӯзҳо садҳо ҳазор нафар кӯшиш мекунад, то ба яке аз кишварҳои Аврупо расида, дар ин ҷо макони амнтаре барои худ пайдо созад. Аммо ин шабу рӯз дар аксар кишварҳои минтақа сардии тоқатфарсо ҳукмфармост, ки муҳоҷиронро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Айни ҳол сардии ҳаво ба беш аз 20 дараҷа мерасад. Аксари муҳоҷирон тавассути Юнон ба Аврупо ворид шуда, кӯшиш мекунанд, ки дар Олмон, Австрия ва дигар мамолики Аврупо барои худ ҷойи зист ва шароити мусоид пайдо кунанд. Соли 2015-ум беш аз 1 миллион муҳоҷир ба Аврупо ворид шудааст, ки ин нишондоди рекордӣ ба ҳисоб меравад. Аз оғози соли равон бошад, ин теъдод ба 37 ҳазор нафар мерасад. Соли гузашта пас аз баҳсу мунозираҳои зиёд роҳбарони аксар кишварҳои Аврупо ба мувофиқа расиданд, ки беш аз 160 ҳазор муҳоҷирро дар кишварҳои худ ҷой диҳанд. Дар ин самт Олмон, Франсия ва Испания бештар саҳм гузошта, даҳҳо ҳазор муҳоҷирро қабул карданд. Британияи Кабир дар оғоз аз қабули муҳоҷирон худдорӣ варзид, вале баъдан қарори худро тағйир дода, тасмим гирифт, ки давоми панҷ соли оянда то 20 ҳазор гурезаро дар ҳудуди кишвар ҷой диҳад. Аллакай беш аз чор ҳазор муҳоҷир вориди Британияи Кабир шудааст. Аммо новобаста аз ин рӯз то рӯз назорату қабули муҳоҷирон дар сарҳадҳои кишварҳои Аврупо шадидтар мегардад. Аз ҷумла, дар минтақаҳои сарҳадӣ девору монеаҳои зиёд бунёд мегарданд, ки ба вуруди муҳоҷирон халал ворид мекунад. Яке аз чунин деворҳо дар минтақаи сарҳадии Маҷористон бо Сербия бунёд ёфтааст. Ҷониби Маҷористон бошад, аз қабули муҳоҷирон пурра даст кашид. Ин амали Маҷористон мавриди интиқоди аксар роҳбарони кишварҳои Аврупо ва созмонҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт.