09:09, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Италия: 300 муҳоҷир аз ғақшавӣ наҷот ёфтанд

Ходимони неруҳои ҳарбӣ-баҳрии Италия дар обҳои кишвар

боз наздики 300 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ муҳоҷирон дар қаиқҳои резинӣ аз Африқои Шимолӣ ҷониби Италия ҳаракат мекарданд. Ҳангоми ҳаракат дар об қаиқи сеюми муҳоҷирон ғарқ шуда, 6 нафар ба ҳалокат расид. Иттилоъ дода мешавад, ки қаиқи дучори фалокат ҳомили 107 мусофир буд. Новобаста аз заиф будани сохти қаиқҳо шумораи зиёди муҳоҷирон дар онҳо ба об мебароянд. Роҳҳои обии Италия, ки бештари маврид муҳоҷирон онро барои расидан ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо истифода менамоянд, яке аз хатарноктарин ҷодаҳо ба шумор мераванд. Давоми соли 2015-ум дар обҳои насздисоҳилии Италия 2 ҳазор муҳоҷир ғарқ шудааст.