07:24, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Шведсия 80 ҳазор фирориро аз мамлакат хориҷ мекунад

Шведсия нақша дорад, ки 80 ҳазор фирориро аз мамлакат хориҷ намояд.

Зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилаи ин кишвар Андерс Игеман иброз дошт, ки барои ихроҷ намудани муҳоҷирони фирорӣ аз мамлакат чанд сол лозим аст. Шведсия яке аз кишварҳои Аврупо мебошад, ки аз ҳама бештар шумораи ниҳоят зиёди гурезагонро қабул намудааст. Соли гузашта наздики 160 ҳазор нафар барои соҳиб шудани мақоми гуреза дар Шведсия дархост карда буданд. Аз ин шумора аризаи паноҳҷӯяндагии қариб 59 ҳазор нафар баррасӣ гардид, ки 55 дарсади онҳо аллакай тасдиқ шудааст.