09:05, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

СММ аз Дания сахт норозӣ шуд

Намояндагони Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид

оид ба масъалаи муҳоҷирон лоиҳаи қонуни аз ҷониби парлумони Дания қабулшударо нажодпарастӣ ва бадбинии қавмӣ унвон карданд. Вакилони парлумони Дания пас аз баҳсу мунозираҳои зиёд ба қароре омаданд, ки қоидаҳои қабули муҳоҷирон шадидтар карда шавад. Ба ҷонибдории ҳуҷҷати мазкур аз 109 вакили ҳузурдошта, 81 нафараш овоз дод. Аммо 27 тани дигар зидд баромад намуда, як вакил аз овоз додан худдорӣ варзид. Дар ҳамин ҳол коршиносон изҳор медоранд, ки 70 намояндаи мардумӣ тасмим гирифт, ки дар маросими овоздиҳӣ умуман ширкат накунанд. Таҳиягарони лоиҳаи қонун намояндагони ҳизбҳои Либералӣ ва мардумии Дания, ки роҳбарикунанда ба ҳисоб мераванд, изҳор медоранд, ки ҳадафи онҳо ҳарчӣ зудтару бештар коҳиш додан вуруди муҳоҷирон мебошад. Аммо баъди қабули лоиҳаи қонун даҳҳо созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони Аврупо садо баланд карда, тақозои лағви онро намуданд. Намояндагони чанд созмон изҳор медоранд, ки вобаста ба қабули лоиҳаи қонуни мазкур аз болои вакилону парлумони Дания ба додгоҳҳои Аврупо шикоят хоҳанд бурд. Бештари мунаққидони лоиҳаи қонун нисбат ба яке аз бандҳои он, ки ба полис кофтукоб ва мусодираи молу ашёи қимматбаҳои муҳоҷирро иҷозат медиҳад, норозигӣ баён мекунанд. Тибқи яке аз бандҳои ин қонун кормандони мақомоти полис ҳуқуқ доранд, ки дар ҳаҷми беш аз 1300 евро маблағ ё ашёи қимматноки муҳоҷирро мусодира кунанд. Ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқи инсон ин қарорро ба ҳодисаҳои солҳои 40-уми асри гузашта мушобеҳ донистанд. Аммо ҳукумати Дания дар ҷавоб мегӯяд, ки маблағҳои мусодирамешуда барои нигаҳдории муҳоҷирон дар хаймаву бошишгоҳҳояшон сарф мегардад. Қонуни нав оид ба шадидтар кардани назорату қабули муҳоҷирон пас аз тасдиқи малика - Маргрети-2 ҷорӣ карда мешавад. Эҳтимол он аз оғози моҳи феврали соли равон расман ҳукми қонунӣ пайдо кунад.