07:23, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Норозигӣ барои қабули муҳоҷирон дар Нидерланд

Дар шаҳри Хеси Нидерланд бар зидди қабули муҳоҷирон намоиши оммавӣ доир гардид.

Сокинони маҳаллӣ ба кӯчаҳо баромада, вобаста ба сохтмони Маркази қабули гурезагон дар шаҳр норозигӣ баён намуданд. Намоиши сокинон дар оғоз оромона сурат гирифт, вале баъдан онҳо маводи пиротехникиро фаъол намуда, ҷониби бинои мақомоти маҳаллӣ тухм ва ҳаргуна ашёро ҳаво доданд. Дар натиҷа ба макони ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ сафарбар гардида, эътирозгаронро пароканда сохтанд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои пароканда намудани гирдиҳамомадагон аз гази ашковар ва дигар воситаҳо истифода бурданд. Оид ба зарардидагон ва дастгиршудагон маълумот дода намешавад. Ҳукуматдорон тасмим гирифтаанд, ки дар шаҳри Хес барои 500 муҳоҷир бошишгоҳ бунёд кунанд.