03:18, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Петер автобуси пур аз муҳоҷиронро ҷониби дафтари кории Ангела Меркел равона намуд

Роҳбарияти маъмурияти ҳавзаи Ландсхути Баварияи Олмон Петер Драйер

автобуси пур аз муҳоҷиронро ҷониби бинои дафтари кории канслери кишвар Ангела Меркел равона намуд. Ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта ӯ изҳор дошта буд, ки агар Олмон 1 миллион муҳоҷирро қабул намояд, пас аз рӯи ҳисобҳои математикӣ ба минтақаҳои онҳо 1 ҳазору 800 муҳоҷир рост хоҳад омад. Дар идома гуфта буд, ки онҳо омодаанд, то ин теъдод муҳоҷиронро қабул кунанд, аммо боқимондаро ба бинои дафтари кории канслер мефиристанд. Роҳбарияти маъмурияти Ландсхут изҳор намуд, ки онҳо ҷонибдори таъмини шароити хуб барои муҳоҷирон ҳастанд. Аз ин рӯ, то 1 ҳазору 800 нафарро дастгирии ҳамаҷониба мекунанд, аммо боқимондаро ба дигар ҷо таҳвил медиҳанд. Аммо намояндагони ҳизбҳои дигар ин амали Петер Драйерро зери интиқоди шадид қарор доданд. Намояндагони аҳзоб изҳор медоранд, ки дар чунин шароит ва ҳолати душвор набояд муҳоҷирони беин ҳам дар мушкилӣ афтодаро шаҳр ба шаҳр таҳвил дод ва онҳоро мавриди таваҷҷуҳи омма қарор дод. Баръакс ба қадри имкон онҳоро бояд бо шароити беҳтар таъмин намуд.