10:04, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дания мехоҳад ашёи қимматноки муҳоҷиронро мусодира намояд

Ҳукуматдорони Дания лоиҳаи қонунеро омода намудаанд, ки

он барои мусодираи ашёи қимматнок аз муҳоҷирони ба ин кишвар воридмешуда имкон фароҳам месозад. Тибқи қонуни мазкур ашёи гаронбаҳои муҳоҷирон ба хотири хароҷот дар рафти нигоҳ доштани онҳо дар бошишгоҳҳо гирифта мешавад. Ҳамзамон ҳукуматдорони Дания назоратро дар самти вуруди муҳоҷирон дар минтақаҳои сарҳадӣ пурзӯр мекунанд. Гурӯҳҳои махсуси кормандони мақомоти полис дар дохили киштиҳои марбут ба ширкати «Скандлайнс» ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро мавриди тафтиши қатъӣ қарор медиҳанд. Доир ба тадбирҳои наву муваққатӣ чанде қабл сарвазири Дания Ларс Леке Расмуссен расман изҳорот дода буд. Дар ҳамин ҳол назорат дар минтақаи сарҳадӣ бо Олмон низ пурзӯр гардидааст. Зеро тавассути ин минтақа муҳоҷирони бештар ба Дания ворид шудаанд. Чунин тадобири амниятиву назоратӣ дар Шведсия низ рӯйи даст гирифта шудааст. Давоми соли гузашта беш аз 160 ҳазор муҳоҷир аз Сурияву Ироқ ва Афғонистон вуруди Шведсия гардидааст.