06:38, 30 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бориши барф боиси хароб шудани хаймаҳои муҳоҷирон гардидааст

Дар шимоли Ироқ бориши барф ва сардии ҳаво сокинонро ранҷ медиҳад.

Аз сардӣ бештар муҳоҷироне, ки дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд, дучори мушкилот шудаанд. Дар хаймаҳои муҳоҷирон ягон таҷҳизоти гармидиҳанда ва маводи сӯзишворӣ мавҷуд нест. Дар бошишгоҳи муҳоҷирон, воқеъ дар минтақаи Синҷар алҳол 16 ҳазор нафар истиқомат доранд. Бориши барф ва вазиши шамол боиси хароб шудани хаймаҳои муҳоҷирон гардидааст. Дар ин рӯзҳои сард аксари бесарпаноҳон дар фазои кушод умр ба сар мебаранд. Бошандагони ин бошишгоҳ дар робита ба нооромиҳои кишвар тарки манзил кардаанд.