03:57, 15 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 79-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

/ИДМ/ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар ҷаласа масъалаҳои татбиқи Созишнома дар бораи савдои озод, омодагӣ ҷиҳати гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи Созишнома дар бораи фаъолияти муштарак дар соҳаи омӯзиш ва истифодаи сулҳомези фазои кайҳон, протоколҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи ҳамкорӣ дар рушд ва истифодаи низомҳои алоқаи сайёр ва дар бораи табодули маълумот дар шакли электронӣ байни давлатҳои аъзои ИДМ барои маъмурикунонии андоз ва ғайра баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо роҷеъ ба таъсис ва фаъолияти марказҳои миллии намоишию савдо дар ҳудуди Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) дар шаҳри Москва табодули афкор намуда, як зумра масъалаҳои молиявию ташкилиро баррасӣ карданд. Ҳамзамон дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ Имомуддин Сатторов ширкат варзиданд. Дар анҷоми ҷаласа қарор қабул гардид, ки тибқи он ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ 7 декабри соли 2018 дар Москва баргузор мегардад.