03:53, 15 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Душанбе Ҷаласаи X Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид

18 сентябри соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҷаласаи X Комиссияи байниҳукуматии

Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он Протоколи дахлдор оид ба сохтмони бинои Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳайати Тоҷикистонро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҷониби Чинро Ёрдамчии Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ченганг раисӣ карданд. Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд баррасӣ гардида, ба пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Ҷонибҳо муҳимияти ба роҳ мондани ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика, саноат, истеҳсолот, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, сайёҳӣ, бонкдорӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъкид намуданд.