23:02, 25 Сентябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Душанбе Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид

Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус бо иштироки доираҳои соҳибкории Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни кори анҷуман хабар медиҳад, дар он зиёда аз 400 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар оғози кори анҷуман Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода анҷуманро ифтитоҳ бахшида, иштирокчиён ва меҳмононро ба ин чорабинӣ хайрамақдам гуфт. Фаррух Ҳамрализода мақсад аз баргузор намудани ин анҷуманро ба роҳ мондани ҳамкории судманди иқтисодӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону Беларус, ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсис додани корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҷиҳати содироти минбаъдаи маҳсулот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон равона шудаанд, арзёбӣ намуд. Дар кори анҷуман ҳамчунин роҳбарони вазоратҳои дахлдори ҳарду ҷониб, аз ҷумла, Вазири кишоварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи байниҳукуматӣ Иззатулло Сатторӣ, Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус, раиси Комиссияи байниҳукуматӣ Зайтс Леонид Константинович, Раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Улахович Владимир Евгеневич ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон суханронӣ ва ибрози андеша намуданд. Зимни ибрози ақидаи хеш ҷонибҳо имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро муаррифӣ намуда, масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии давлатҳоро матраҳ карданд. Ҳамчунин, дар ҷараёни кори анҷуман намояндаи соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Покистон Чодури Муҳаммад Ҳорун зимни баёни андешаи худ Тоҷикистонро ба пуле миёни Ғарб ва Шарқ шабоҳат дода, мавҷудияти ин пулро басо муҳиму ҳаётӣ хонд. «Бидуни Тоҷикистон Покистону Афғонистон наметавонанд тиҷорати худро дар Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус ба роҳ монанд, ки ин аз ҳама нукоти муҳим ба шумор меравад. Вақте пул, алалхусус роҳи нақлиётӣ вуҷуд дошта бошад, ҷойҳои корӣ пайдо мешаванд, мардум кор хоҳанд кард. Мо ҳамкории судманди хешро бо шарики худ Тоҷикистон хуб ба роҳ мондаем ва дар оянда низ умед аст, ки ин ҳамкорӣ густариш меёбад. Яке аз мисоли хуби ҳамкорӣ ба наздики ба истифода додани ширкати шарбатии «Манго» дар Хуҷанд, ки истеҳсоли шарбати гимолайи хешро ба роҳ мемонад, мебошад», — афзуд ӯ. Дар қисмати аввали расмии чорабинӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону Беларус 6 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Кори Анҷуман дар сессияҳои панелӣ идома ёфт. Аз ҷумла, дар сессияи панели якум мавзӯи «Иқтидори истеҳсолии Тоҷикистону Беларус: заминаҳои умумӣ» ва дар сессияи панели дуюм мавзӯи «Имкониятҳои рушди кишоварзии ҳарду кишвар-ҳамчун сарчашмаи маҳсулоти тозаи экологӣ» матраҳ карда шуданд.