01:06, 13 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе-2017 баргузор гардид

Маҳсулоти ресандагию бофандагӣ, адрасу атлас,

намунаи ҳунари дастии занону духтарон, матоъ, либос, пойафзол, маснуоти заргарӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, чармӣ, масолеҳи сохтмонӣ, алюминий, маҳсулоти пластмассӣ ва мошинолоти гуногуни зиёда аз 50 корхонаю ширкатҳои ватанӣ дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе-2017 ба маъраз гузошта шуданд. Бояд зикр намуд, Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе-2017 бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеи бештарро касб кардаанд, бори аввал дар чунин сатҳи баланд ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни боздид аз ин намоишгоҳ зикр гардид, ки дар 11 моҳи соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 миллиарду 845 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 2 миллиарду 755 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Тайи солҳои охир табдил ёфтани Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба содиркунандаи семент, ки дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент», «Моҳир семент»-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Б. Ғафуров назаррас мебошад, махсус таъкид гардид. Зикр шуд, ки соли равон истеҳсоли семент 2,8 миллион тонна, масолеҳи деворӣ 236,2 миллион дона, гаҷкартон 1326,4 ҳазор дона, гаҷ 39,7 ҳазор тонна, шифер 288,9 ҳазор донаро ташкил дод. Тавре соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов иброз намуд, соли равон қариб 945 ҳазор тонна семент ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон, аз ҷумла, аз ҷониби ширкати «Ху Чан индустриал»-и ноҳияи Ёвон наздики 47 ҳазор дона гаҷкартон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот шудааст. «Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша дорем, ки соли оянда истеҳсоли сементро ба се миллион тонна расонем»,-гуфт Акбар Ғуломов Дар намоишгоҳ ҳамчунин гӯшаҳои алоҳида бо намунаи ҳунари дастии занону духтарон, аз ҷумла, наздики 60 намуди матои атласу адрас ва чакану сӯзанидӯзӣ муаррифӣ карда шуд. Аз ҷумла, аз ҷониби чеварони чирадасти ширкати дӯзандагии «Суман» намунаи ҳунари дастии гулдӯзӣ ба намоиш гузошта шуда буд. Назар ба иттиллои директори ширкати «Суман» Файзимоҳ Иброҳимова, чеварони «Суман» асосан ба дӯхтани навъҳои гуногуни гулдӯзӣ, сӯзанӣ, зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ, ки тӯли солҳои охир ба онҳо талабот зиёд шудаанд, машғул мебошанд. «Меҳнати чеварон заҳматталаб аст, зеро чеварони «Суман» бо сӯзан сару кор доранд. Аз ин рӯ, маҳсулоте, ки чеварони «Суман» медӯзанд, хеле босифат, диққатҷалбкунанда ва бозоргир мебошад. Муштариёни маҳсулоти «Суман» асосан хориҷиҳо ва бонувони зебои тоҷиканд», -мегӯяд Файзимоҳ Иброҳимова. Ин аст, ки маҳсули дастони бонувони «Суман», хусусан пироҳанҳои гулдӯзию зардӯзӣ, болишт, сӯзаниҳо, ҷузвдон (сумка), ҷиҳози арӯсию домодӣ дар чандин намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз қабили Москва, Париж ва Лондон ба маърази тамошо гузошта шуда, дар муаррифии ҳунари қадимӣ ва волои мардуми тоҷик нақши муассир гузоштаанд. Яке аз ҳунармандони Муассисаи давлатии «Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» Салимабону Каримова зикр кард, ки айни ҳол дар вилояти Суғд 262 маркази таълимию истеҳсолӣ, аз ҷумла, 191 маркази таълимии адрасу атласбофӣ фаъолият мебаранд ва дар онҳо 1015 дастгоҳ, аз ҷумла, 604 дастгоҳи адрасу атласбофӣ ва 411 қолинбофӣ насб карда шуда, 735 нафар ҳунарманд ба зиёда аз 3895 нафар шогирд нозукиҳои ин касбро меомӯзанд. Илова бар ин, дар вилоят 355 маркази таълимии хонагӣ, аз ҷумла, 192 маркази адрасбофӣ ва 163 маркази қолинбофӣ таъсис дода шудаанд. Дар маҷмӯъ марказҳои таълимию истеҳсолии вилоят 167,8 ҳазор метри тӯлонӣ матоъ истеҳсол намудаанд. Ба маълумоти номбурда, дар давоми 11 моҳи соли равон бонувон ва занони зиёд ба омӯзиши касбу ҳунар, аз ҷумла, ба сӯзанидӯзӣ 23 нафар, қуроқдӯзӣ 42 нафар, гулдӯзӣ 126 нафар ва ба адрасбофӣ 523 нафар фаро гирифта шудаанд. Ба андешаи ин зани ҳунарманд, тадбирҳои андешидашуда дар ин самт имкон доданд, ки зиёда аз 25 ҳазор нафар зани хонашин ва бекор ба шуғл фаро гирифта шуда, сатҳи зиндагӣ ва маърифатнокии занони деҳот беҳтар гардад. Бояд таъкид намуд, ки баргузор кардани чунин намоишгоҳҳо бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеи бештар пайдо кардаанд, Тоҷикистонро аз кишвари истеъмолкунанда ба кишвари истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи маҳсулоти саноатӣ дар минтақа табдил мегардонад. Намоишгоҳ ду рӯз идома ёфта, сокинони кишвар метавонанд аз он дидан намоянд.