16:02, 25 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Душанбе: Созишномаи панҷ лоиҳаи нав ба имзо расид

Дар шаҳри Душанбе маросими баимзорасии созишномаи панҷ

лоиҳаи нав, ки аз ҳисоби Маркази Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ маблағгузорӣ мешаванд, баргузор гардид. Созишномаро намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти «Ҳилоли Аҳмар» ва намояндагони Маркази Шоҳ Салмон ба имзо расониданд. Созишнома лоиҳаҳои нав, аз ҷумла сохтмони маркази нави таълимӣ барои наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи дастгирии иҷтимоӣ барои кам кардани хавфи офатҳои табиӣ, лоиҳаи дастгирии иҷтимоӣ ҷиҳати беҳдошти малака ва қобилиятҳои ҷавонон, дастгирии логистикии барномаи Ҷамъияти «Ҳилоли Аҳмар»-и Тоҷикистон дар Душанбе ва Барномаи дастгирии иқтисодию иҷтимоӣ дар ноҳияи Роштқалъаро дарбар мегирад. Тавре зимни баимзорасии созишномаи лоиҳаҳои номбаршуда таъкид гардид, ин иқдом равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи тарафҳоро тақвият бахшида, шароити хуберо барои ҳамкориҳои оянда фароҳам месозад. Аз ҷумла, дар сурати бунёди Маркази нави таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкон даст медиҳад, ки маҳорати на танҳо наҷотбахшони тоҷик, балки мутахассисон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳам тавассути фарогирӣ ба он беҳтар карда шавад.