17:01, 25 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Юнон боз дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои Аврупо қарор гирифт

Юнон вобаста ба оғози даври навбатии гуфтушунид бо қарздиҳандагони байналмилалӣ

боз дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои Аврупо қарор гирифт. Дар Брюссел масъалаи расондани қарзи навбатӣ ба ин кишвар дар ҷаласаи гурӯҳи Аврупо ва Шӯрои вазирони молияи мамлакатҳои узви гардиши евро баррасӣ мешавад. Чанд рӯз қабл Комиссари Аврупо оид ба масъалаҳои иқтисодиёт - Пиер Московиси дар шаҳри Афина бо сарвазири Юнон - Алексис Сипрас вохӯрӣ анҷом дод. Тайи вақтҳои ахир нуфузи Сипрас дар робита ба тадбирҳои шадиди иқтисодӣ, ки бо талаби қарздиҳандагони байналмилалӣ татбиқ мегарданд, коҳиш меёбад. Қарзи навбатӣ ба Юнон ниҳоят муҳим мебошад. Зеро моҳи июл Афинаро зарур аст, ки ба қарздиҳандагони худ 7 миллиард доллар пардохт намояд. Соли 2015-ум гурӯҳи Аврупо ба Юнон ваъда дода буд, ки дар сурати афзоиши буҷа дар ҳаҷми 3,5 дарсад аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то соли 2018-ум ба онҳо 86 миллиард доллар кумак мекунад. Аммо Хазинаи байналмилалии асъор, ки ба қарздиҳандагони сегона шомил аст, аз кумаки молӣ ба Афина худдорӣ кард. Зеро ба андешаи коршиносони ин ниҳоди молӣ пешниҳоди мутахассисони гурӯҳи Аврупо иҷронашаванда мебошад. Ҳамчунин Хазинаи байналмилалии асъор хоҳони қисман бахшидани қарзҳои Юнон аст. Вале кишварҳои қарздиҳандаи Аврупо шадидан зидди ин иқдом баромад доранд. Хазинаи байналмилалии асъор ҳамчунин ҷонибдори тамдиди тадбирҳои шадиди иқтисодӣ дар ин кишвар мебошад. Чунин сиёсат бар он оварда расондааст, ки аз се-як шаҳрванди ин кишвар ба қашшоқӣ мувоҷеҳ гардид. Ба таъкиди коршиносон ин нишондоди баланди сатҳи қашшоқӣ миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мебошад. Вобаста ба чунин сарбастагӣ бештари нафарон барои хориҷ шудани Юнон аз гардиши евро садо баланд мекунанд. Чунин садобаландкуниҳо ба ғайр аз Юнон дигар кишварҳо, аз ҷумла Олмон ҳам ба гӯш мерасанд. Аммо татбиқи ин иқдом вобаста ба сабабҳои сиёсӣ ғайриимкон аст. Чунин мушкилот аз он шаҳодат медиҳад, ки вазъи бади иқтисодӣ Юнонро чанд соли дигар думболагир хоҳад буд.